Душанбе. 22-юми июн. «Азия-Плюс» — | Чанде қабл мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон Зубайдулло Зубайдов бо гурӯҳи соҳибкорони покистонӣ таҳти роҳбарии Раиси Ассосиатсияи тоҷирони Покистон дар Тоҷикистон – Наим Раҳмон доир гардид.
Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, зимни мулоқот ҳамкориҳои тиҷоратии миёни ду кишвар ва фаъолияти соҳибкорони покистонӣ дар Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Наим Раҳмон иброз дошт, ки дар Тоҷикистон Ассосиатсияи тоҷирони Покистон ташкил ёфта, барои густариши ҳамкориҳои тиҷоратии ду кишвар мусоидат менамояд. Ба ақидаи Наим Раҳмон, Тоҷикистон дорои имкониятҳои хуби истеҳсолӣ ва ашёи хоми арзон аст, ки ин омилҳо барои фаъолияти соҳибкорони покистонӣ ниҳоят мувофиқ мебошанд.
Сафир изҳор дошт, ки баъди баргузории бизнес форуми соҳибкорони Тоҷикистону Покистон ҳамкориҳои тиҷоратии миёни ду кишвар густариш ёфта, фаъолияти соҳибкорону тоҷирон такони тоза касб кард. Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳибкорони покистоние, ки имкониятҳои воқеӣ доранд ва мақсадашон дар Тоҷикистон бунёд намудани корхонаҳо, сармоягузорӣ ё ворид намудани молу маҳсулот аст, ҳаматарафа мусоидат мекунад.
Дар охири сӯҳбат Наим Раҳмон зикр намуд, ки Ассосиатсияи тоҷирони покистонӣ барои самаранок ба роҳ мондани фаъолияти соҳибкорони Покистон дар Тоҷикистон ҳамаҷониба кӯшиш менамояд.
Бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон. Шукурҷон Зуҳуров раис интихоб шуд
Даргузашти раиси пешини шаҳри Душанбе
Мансабдори пешини қирғиз, ки як санад оид ба марзи Тоҷикистону Қирғизистонро имзо карда буд, аз зиндон озод шуд
Тасарруфи беш аз 142 ҳазор сомонӣ зимни сохтмони як бинои Маркази миллии тестӣ
Додситонии Олмон панҷ зодаи Тоҷикистонро ба терроризм муттаҳам кард
Боз 47 зану кӯдаки тоҷикро аз Сурия ба Тоҷикистон баргардониданд
“Акнун ба Чин меравам”. Ҷорӣ шудани низоми раводид бо Туркия ба тоҷирони тоҷик чӣ таъсир дорад?
Арзиши роҳкиро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?
Валентина Матвиенко: “Роҳбарияти Русия нақшаи шадид кардани қонунгузорӣ нисбати муҳоҷиронро надорад”.
Навору хабар фиристед. ВКД аз шаҳрвандон хост, барои пешгирӣ ва ошкор кардани ҷинояту ҷинояткорон ҳамкорӣ кунанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста