Душанбе. 5-уми июл. «Азия-Плюс» — | «Тоҷиксодиротбонк» низоми нави интиқоли маблағҳои «Coinstar»-ро ҷорӣ кард

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти бонк хабар доданд, ҳадаф аз ҷорисозии низоми нави интиқоли маблағҳо беҳбуд бахшидан ба сифати хизматгузориҳои пешниҳодшуда мебошад.

«Акнун дар тамоми филиал ва нуқтаҳои интиқоли маблағҳои «Тоҷикисодиротбонк» мизоҷон бемалол метавонанд аз низоми нав истифода кунанд», - гуфтанд дар хадамоти матбуоти бонк.

«Coinstar» низоми байнулмилалии интиқоли маблағҳо буда, соли 2003 ба сифати ширкати фаръии «Travelex Money Transfer» таъсис дода шудааст. Соли 2007 ба «Coinstar» табдили ном кард. Сарфи назар аз муддати наандон зиёд фаъолият доштнаш, аз рӯйи ҳаҷми интиқоли маблағҳо миёни ширкатҳо мақоми сеюмро доро мебошад.