Душанбе. 14-уми июл. «Азия-Плюс» — | Мақомоти шаҳрдории Душанбе барои сохтмони ду гузаргоҳи зеризаминӣ дар кӯчаи Айнӣ, наздикии меҳмонхонаи «Пойтахт» ва назди «Олами китоб» беш аз 11 млн. сомонӣ (ҳудуди 2,4 млн. $) маблағ ҷудо кард. Корҳои асосии сохтмонӣ дар гузаргоҳҳои зеризаминӣ бояд моҳи сентябри соли равон ба итмом расанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори Раёсати сохтмони асосии маъмурияти шаҳри Душанбе Саидшариф Анваров хабар дод, мутобиқи шартномаи баимзорасида, сохтмончиён то ин мӯҳлат дар майдони сохтмон бояд роҳи мошингарди самти фурудгоҳро боз кунанд. «Сохтмони иншоотҳои мазкур ахири соли равон пурра ба анҷом хоҳад расид», - гуфт вай.

Ба қавли ӯ, ба сохтмони гузаргоҳҳои зеризаминӣ дар пойтахт як ширкат аз Тоҷикистону як ширкати дигар аз Чин машғуланд. «Корҳои зебу ороиши гузаргоҳҳо бо тарзу усули риояи анъанаҳои миллиро устодони тоҷик ба иҷро мерасонанд», - афзуд номбурда.