Душанбе. 14-уми июл. «Азия-Плюс» — | Дар Вазорати молияи кишвар вохӯрии вазири молия Сафаралӣ Наҷмиддинов ва сафири Конфедератсияи Швейцария дар Тоҷикистон (қароргоҳ дар шаҳри Остона) Стефан Неллен баргузор шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз котиботи Вазорати молия хабар доданд, дар ҷараёни мулоқот перомуни масоили дурнамои рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар бахши фаъолияти молиявиву бонкдорӣ табодули афкор сурат гирифта, ҳамзамон масъалаҳои рушди муносибатҳо дар бахши гидроэнергетика, саноат, кишоварзӣ ва соҳаи иҷтимоӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. «Ҷонибҳо ба масъалаи фаъолияти Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон таваҷҷӯҳи хосса зоҳир намуданд», - гуфтанд дар котиботи вазорат.

Ба иттилои манбаъ, вазири молияи Тоҷикистон таъкид сохтааст, ки дар тамоми муддати роҳандозии ҳамкориҳо бо Конфедератсияи Швейтсария, бахусус дар қисмати баргузории ислоҳот дар бахшҳои гуногуни фаъолият комёбиҳо ба даст оварда шудаааст. «Ман ба густариши минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба боварӣ дорам», - афзудааст С.Наҷмиддинов.