Душанбе. 1-уми август. «Азия-Плюс» — | Доктори улуми иқтисод, профессор Ҳоҷимуҳаммад Умаров бар ин назар аст, ки ба ҳайати Шӯрои тозатъсиси амнияти ғизоии назди ҳукумати кишвар на роҳбарони вазорату идораҳо, балки бояд мутахассисони варзидаву салоҳиятдор шомил бошанд.

«Роҳбарони вазорату идораҳо узви чандин шӯроянду коре намекунанд. Ба ҳайати Шӯро мутахассисони варзида, олимони бахши кишоварзӣ ва саноати коркард бояд аъзо шаванд, зеро онҳо дар бораи захираҳои соҳа ва сатҳи истифодаи он огаҳии хуб доранд. Вақти он расидааст, ки аз чунин корбурд даст кашем, чунки он борҳо номуваффақона анҷом пазируфт», - мегӯяд ӯ.

Дар маҷмӯъ Ҳ.Умаров таъсиси Шӯрои амнияти ғизоиро ҷонибдорӣ намуда, таъкид менамояд, ки шӯроро мебояд дарҳол ба фаъолият шурӯъ кунад. «Дар бахши кишоварзӣ метавон зироатҳои иловагиро кишт кард ва то тирамоҳ ҳосиле ба даст овард. Ҳарчанд аз зироати ғалладонагӣ аллакай ҳосил гирифтан душвор бошад ҳам, нисбат ба сабзавот то ҳанӯз тадбире метавон андешид», - иброз дошт олим.

Олим ба Шӯро тавсия медиҳад, ки ҳарчи зудтар таҳлили баҳисобгирии талаботи солонаи аҳолӣ ва ҳамчунин захоири айни замон дар ихтиёрдоштаро доир созанд. «Муассирии кори Шӯро ба сатҳи саводнокӣ, фаъолияти пурсамар ва мизони касбии аъзои он вобаста хоҳад буд», - афзуд ӯ.

Рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта бо қарори ҳукумат Шӯрои амнияти ғизоии назди ҳукумати ҶТ таъсис дода шуд, ки сарварии онро нахуствазири кишвар Оқил Оқилов ба ӯҳда хоҳад дошт. Ба ҳайати Шӯрои мазкур роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор шомил мегарданд.