Нуқтаҳои фурӯши ҶДММ «Газпромнефт-Тоҷикистон» имрӯз ба фурӯши бензини навъи АИ-92 шурӯъ карданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ширкати мазкур хабар доданд, рӯзи душанбе ба Тоҷикистон 30 вагони бензин ворид шудааст.

«Дирӯз, 19-уми сентябри соли равон ба шаҳри Душанбе 1 ҳазору 600 тонна бензини навъи АИ-92-и меъёри Евро-2, ки дар корхонаи коркарди нафти Новокуйбишевски вилояти Самараи Русия истеҳсол шудаанд, ворид гардиданд. Бо ворид шудани бензин мо саривақт ҷиҳати мувофиқа сохтани қимати чаканаи маводи сӯзишворӣ ба Хадамоти зиддиинҳисорӣ муроҷиат намудем», - гуфтанд дар ширкат.

Бино ба маълумоти сарчашма, имрӯз дар нуқтҳои фурӯши маводи сӯзишвории ширкати «Газпромнефт-Тоҷикистон» қимати бензини навъи АИ-92 – 6,70, АИ-80 – 6,40 ва сӯзишвории дизелӣ – 6,20 сомонӣ барои як литрро ташкил медиҳад.

Ёдрас мекунем, ки ширкати «Газпромнефт-Тоҷикистон» аз 5-уми сентябр ба фурӯши бензинҳои навъи АИ-92 ва АИ-95 дар нуқтаҳои фурӯши худ лимит ҷорӣ карда буд. Аллакай рӯзи 13-уми сентябри соли равон бинобар ба охир расидани захираҳо фурӯши ин навъи бензинҳо дар нуқтаҳои фурӯши ширкат қатъ гардида буд.