Ҳаҷми содирот дар даҳ моҳи соли равон маблағи 1,0 млрд. долл. ИМА-ро ташкил дод, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 11,6 фоиз зиёд мебошад.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷик5истон, дар баробари ин, ҳаҷми воридот дар давраи ҳисоботӣ ба 2,6 млрд. долл. ИМА баробар шуд, ки дар муқоиса нисбат ба даҳ моҳи соли 2010 25,6 фоиз зиёд аст.

Зимнан зикр мегардад, ки дар таркиби содирот бештар маҳсулоти маъданӣ, нахи пахта ва фулузоти қиматбаҳо ҷой гирифта, дар воридот бошад, мақоми маҳсулоти озуқаворӣ (аз қабили орд, гандум, равғани растанӣ), нафтӣ, чӯбу тахта, воситаи нақлиёт, маҳсулоти гуногуни истеъмолӣ ва маводҳои истифодаи ҳамарӯза ишғол менамояд.