Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати энергетика ва саноати Тоҷкистон ва Вазорати умури хориҷии Ҳиндустон дар бораи таҷдиди нерӯгоҳи обӣ-барқии «Варзоб-1»-ро, ки ҳанӯз соли 2007 ба имзо расида буд, ба тасвиб расонид.

Зимни суханронӣ оид ба ин масъала муовини аввали вазири энергетика ва саноати ҷумҳурӣ Пӯлод Муҳиддинов изҳор кард, ки барои корҳои таҷдиди нерӯгоҳи «Варзоб-1», ки соли 1936 бунёд шудааст, ҷониби Ҳиндустон ба таври ройгон беш аз 17 млн. доллари ИМА ҷудо мекунад.

Ба гуфтаи ӯ, пас аз анҷоми корҳои таҷду азнавсозӣ агрегати аввалини нерӯгоҳ моҳи апрел ва агрегати дуюм – моҳи июни соли оянда мавриди истифода қарор хоҳад гирифт.

«Қариб 80%-и таҷҳизоти зарурӣ ба Тоҷикистон оварда шуда, дар анборҳои мақомоти гумрук нигаҳдорӣ мешавад, - иброз дошт П.Муҳиддинов. – Барои аз боҷи гумрукӣ озод кардан ва ба майдони сохтмон расонидани онҳо тасдиқи ёддошти мазкур зарур буд».

П.Муҳиддинов зикр кард, ки иқтидори ду агрегати нерӯгоҳ пас аз анҷоми корҳои таҷдиду азнавсозӣ ба миқдори 2 мегаватт зиёд шуда, иқтидори умумии он ба 9,5 мегаватт хоҳад расид.

Ба эроди раиси палатаи поёнии парлумон Шукурҷон Зуҳуров перомуни аз ҷониби Вазорати энергетика ва саноат ба муддати чор сол ба таъхир андохтани тасдиқи ёддошти мазкур, Муҳиддинов посух дод, ки «ба ин нақшаҳои тез-тез ивазшавандаи ҷониби Ҳиндустон боис гардид».