Ширкати эронии Haffar Machine, ки техникаи сохтмону таъмири роҳ истеҳсол мекунад, дар Тоҷикистон намояндагӣ боз карданист.

Тавре аз Палатаи савдо ва саноати ҶТ (ПСС ҶТ) ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар мулоқоти мақомоти раҳбарии ширкати мазкур бо муовини раиси ПСС ҶТ Асаналӣ Карамалиев чунин изҳори назар карда шудааст.

Ба гуфтаи намояндагони ширкати Haffar Machine, дар Тоҷикистон дар сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» ва нақби «Истиқлол» 25 навъи техникаи ин ширкат истифода шуда истодааст. «Намояндагони ширкат аз мақомоти раҳбарии палата дархост карданд, ки ба ифтитоҳи намояндагӣ дар ҷумҳурии мо мусоидат намоянд», - гуфтанд дар ПСС ҶТ.

А.Карамалиев ба меҳмонон итминон дод, ки ПСС ҶТ дар доираи салоҳияти худ ба расонидани кӯмак дар ифтитоҳи намояндагии ширкат дар Тоҷикистон омода аст. Ӯ ҳамчунин ба намояндагони ширкат тавсия дод, ки баҳри дастрасӣ ба маълумоти бештар муфассалтар бо мутахассисони Вазорати нақлиёт, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи давлатии амволи ҷумҳурӣ ва КВД «Тоҷикинвест» дидору гуфтушунид кунанд.