Муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон Олимҷон Бобокалонов изҳор кард, ки агар омилҳои асосӣ ба эътибор гирифта шавад, иқтисоди Тоҷикистон дар соли 2012 рушд хоҳад кард.

Ба гуфтаи вай, ҳаҷми афзоиши Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон дар сатҳи соли 2011, яъне 7% боқӣ хоҳад монд.

Бобокалонов рушди иқтисод дар соли равонро пеш аз ҳама ба рушд дар бахши энергетика, яъне пурра мавриди истифода қарор гирифтани нерӯгоҳи «Сангтӯда-2» ва як қатор нерӯгоҳҳои барқии хурд рабт медиҳад.

Ӯ таъкид кард, ки соли равон ҳукумат ба рушди бахши саноат таваҷҷуҳи хосса зоҳир сохта, ифтитоҳи корхонаҳои нав дар саноати сабуку хӯрокворӣ ва истеҳсоли масолеҳи бинокорӣ дар назар аст.

«Пас аз бӯҳрони солҳои 2008-2009 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ коҳиш ёфт. Соли равон бошад, ба афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 5% ноил гардидем», - гуфт Бобокалонов ва умедвор кард, ки «соли равон нишондиҳандаҳои хубтар ба даст оварда хоҳанд шуд».

Ба андешаи муовини директори Маркази тадқиқоти стратегӣ, дар як сатҳ боқӣ мондани нархҳо ба маҳсулоти асосии кишвар – алюминий ва нахи пахта низ ба рушди иқтисоди кишвар мусоидат хоҳад кард.

«Коршиносони байнулмилалӣ пешгӯйӣ мекунанд, ки нимаи аввали соли 2012 нархҳо ба алюминий ва нахи пахта дар бозори ҷаҳон бетағйир боқӣ хоҳанд монд», - афзуд номбурда.