Корхонаю муассисаҳои соҳаи саноати хӯроквории Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияташонро баҳри рушди соҳа ва таъмини аҳолии кишвар бо маҳсулоти озуқаворӣ равона намуда, соли равон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳаи саноати хӯроквориро ба 308,9 млн. сомонӣ расониданд, ки ин нишондиҳандаҳо нисбат ба ҳамин давраи соли 2010-ум 49,8 млн. сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш -115,7%-ро ташкил дод.

Тавре аз Хадамоти матбуоти Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ хабар доданд, ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноати хӯрока 191,5 млн. сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2010, 42,8 млн. зиёд буда, суръати афзоиш 128,8 %-ро ташкил дод.

Корхонаҳо дар давоми сол ба миқдори 1883,8 тонна равғани растанӣ, 598,1 тонна маҳсулоти қаннодӣ, 20691 тонна намак, 94,49 ҳазор декалитр оби ҷав ,4824,3 ҳазор декалитр нӯшокиҳои ғайриспиртӣ, 43105,75 ҳазор қуттии шартӣ консерваи меваю сабзавот, 39,7 ҳазор декалитр спирти этилӣ, 45 ҳазор декалитр арақ, 29,52 ҳазор дона зарфҳои шишагӣ ва дигар маҳсулоти ниёзи мардумро истеҳсол намуданд.

Дар ин давра дар соҳаи саноати хӯрокворӣ 48 корхонаҳои навбунёдгардида ба фаъолият шӯруъ кард ва 683 нафар шаҳрвандон бо ҷойҳои нави корӣ таъмин шуданд.