Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи«Нерӯгоҳи обӣ-барқии Сангтӯда-1» қарзаш аз ширкати «Барқи тоҷик» барои истифодаи барқи нерӯгоҳро тавассути додгоҳ рӯёниданист.

Имрӯз зимни нишасти матбуотӣ раиси Додгоҳи олии иқтисодии ҶТ Амирхоҷа Ғоибназаров дар робита ба ин масъала изҳор кард, ки ҳамин ҳафта мақомоти роҳбарии ҶСК «НОБ Сангтӯда-1»  ба додгоҳи мазкур дар ин хусус аризаи даъвогӣ пешниҳод кардааст. Маблағи даъвои талабшуда ба ширкати «Барқи тоҷик» 5 млн. сомониро ташкил медиҳад.

Ин хабарро ба ОИ «Азия-Плюс» директори генералии ҶСК «НОБ Сангтӯда-1»  Геннадий Ругин низ тасдиқ кард, аммо аз шарҳи сабаби танҳо 5 млн. сомонӣ будани маблағи даъво худдорӣ варзид. Ин ҳам дар ҳолест, ки маблағи қарзи ширкати «Барқи тоҷик» дар назди нерӯгоҳ ба зиёда аз 200 млн. сомонӣ баробар аст.

ҶСК «Нерӯгоҳи обӣ-барқии Сангтӯда-1» корхонаи муштараки Тоҷикистону Русия аст, ки соли 2006 бо мақсади анҷоми сохтмон ва истифодаи минбаъдаи нерӯгоҳи обӣ-барқӣ дар рӯдхонаи Вахши Тоҷикистон таъсис ёфт. Иқтидори тавлидотии нерӯгоҳ 670 мегаватт арзёбӣ шудааст. Маблағи умумии лоиҳа зиёда аз 600 млн. доллари амрикоиро ташкил дода, 25%-и саҳми он дар ихтиёри Тоҷикистон мебошад. Агрегати аввали нерӯгоҳ 20-уми январи соли 2008 ва 31-уми июли соли 2009 пурра чор агрегати нерӯгоҳ мавриди истифода қарор гирифтанд. Ба ҳиссаи нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» ҳудуди 15% аз ҳаҷми умумии нерӯи барқи дар Тоҷикистон истеҳсолшуда рост меояд.