Лоиҳаи сохтмони маҷмааи табобативу солимгардонӣ барои 250 ҷой дар мавзеи Чилдухтарони ноҳияи Мӯъминободи вилояти Хатлон ба баррасии комиссияи махсус пешниҳод шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ҳукумати ноҳияи Мӯъминобод хабар доданд, сохтмони маҷмаа бо хоҳиши президент сурат мегирад, зеро тайи сафари кории ахири худ ба ноҳияи Мӯъминобод (охири соли 2011) сарвари давлат тавсия дод, ки дар ин мавзеи зебои табиат маҷмааи табобативу солимгардонӣ бунёд карда шавад ва ваъда кард, ки сохтмони он аз ҷониби фонди захиравии президент дастгирӣ хоҳад шуд.

Бино ба иттилои манбаъ, сохтмони маҷмааро як соҳибкори маҳаллӣ ба ӯҳда гирифтааст. Дар ҳамин ҳол, ҳафтаи гузашта дар назди раиси ноҳия бо иштироки 300 нафар соҳибкорон ҷаласа доир гардида, ҳар кадоме аз онҳо муваззаф шудаанд, ки ҳадди аққал 2-3 ҷойи нави корӣ муҳайё созанд. Дар ҷаласа зикр шудааст, ки бештар ба таъмини занон бо ҷойҳои корӣ таваҷҷуҳ зоҳир гардад, зеро то 60%-и занони қобили кори ноҳия соҳибхоназан мебошанд.