Вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Шариф Раҳимзода бар ин назар аст, ки мушкилоти зимни транзит ва расмиёти содироту воридот пайдошуда имиҷи Тоҷикистонро дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ коҳиш медиҳад.

«Айни замон ҷумҳурӣ дар рейтинги бонки Doing Business дар мақоми на он қадр шоиста қарор дорад ва ба ин маҳз монеагузориҳо дар самти савдои байнулмилалӣ сабаб шудааст», - гуфт вазир зимни ҷаласаи чоруми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба масъалаҳои татбиқи Барномаи ҷорӣ намудани низоми «Равзанаи ягона».

Ш.Раҳимзода муътақид аст, ки мебояд дар ин самт ҷиддӣ тадбир андешида, ба ҳадди ниҳоӣ расмиёти нолозим ва зиёдатиро кам намуд. «Беҳбуди имиҷи кишварамон дар дасти худамон аст», - гуфт вай.

Ба гуфтаи менеҷери барномавии намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Борис Филатов, амалисозии бевоситаи ҷорисозии низоми «Равзанаи ягона» дар ҷумҳурӣ моҳи июни соли равон оғоз мегардад. «Дар таърихи 12 апрели соли гузашта миёни Тоҷикистон ва Комиссияи Аврупо «Дар бораи ҷорисозии низоми «Равзанаи ягона» дар ҶТ» созишномаи молиявӣ ба имзо расид», - таъкид кард вай.

Номбурда гуфт, ҷиҳати иҷрои ин вазифа тибқи тендери эълоншудаи Иттиҳоди Аврупо як ширкати соҳибтаҷриба ва дорои имконияти зиёди молӣ интихоб шудааст. «Корҳои ҷорисозии низоми мазкур пас аз имзои қарордод бо паймонкори генералӣ (ширкат) оғоз гардида, низом бояд пас аз 16 моҳи оғози корҳо, яъне тирамоҳи соли оянда мавриди амал қарор гирад», - афзуд Б.Филатов.

Дар ҷаласа ҳамчунин атрофи дигар масоили марбут ба ҷорисозии низоми «Равзанаи ягона» дар Тоҷикистон табодули афкор сурат гирифт.