Сатҳи таваррум дар зарфи чор моҳи аввали соли равон дар бахши истеъмолии Тоҷикистон 1,9%-ро ташкил дод.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҷумҳурӣ, дар ин давра қимати маводи ғизоӣ ба андозаи 1,3% коҳиш ёфтаааст. Дар ҳамин ҳол, қимати дигар маҳсулоти ғайриғизоӣ дар ҳаҷми 2,5% ва тарофаҳо ба хизматгузории пулакӣ ба аҳолӣ 14,9% зиёд шудаанд.

Суръати миёнаи моҳонаи таваррум дар бахши истеъмолӣ 0,5% (дар ҳамин давраи соли гузашта 1,5%)-ро ташкил дод.

Моҳи апрели соли равон сатҳи таваррум ба 0,7% баробар шуд. Моҳи апрел қимати маводи ғизойӣ ба андозаи 0,6% поин рафта, арзиши маҳсулоти ғайриғизойӣ ва тарофаҳо ба хизматгузории пулакӣ ба аҳолӣ мутаносибан ба миқдори 0,8 ва 5,6% боло рафтанд.

Ҳукумати ҷумҳурӣ ният дорад, ки то ахири соли равон таваррумро дар сатҳи 10,5% нигоҳ дорад. Тибқи натиҷаҳои соли 2011 сатҳи таврррум дар Тоҷикистон 9,3%-ро ташкил дод.