Корхонаи истеҳсоли вагонҳои шаҳри Крюкови Украина то ахири сол барои Тоҷикистон 15 адад вагони мусофирбар омода месозад.

Ба гуфтаи роҳбари корхонаи мазкур Евгений Хворост, бори нахуст аст, ки ин корхона барои Тоҷикистон вагонҳои мусофирбар тайёр менамояд. Интизорӣ меравад, ки омода сохтани вагонҳо моҳи оянда оғоз мегарданд.

Аз рӯйи натиҷаҳои соли 2011 дар корхонаи итеҳсоли вагонҳои Крюков шумораи рекордии вагонҳои боркаш истеҳсол шуда, дар муқоиса бо соли 2010 шумори онҳо ба андозаи 18% афзудааст.

Қобили зикр аст, ки корхонаи итеҳсоли вагонҳои Крюков дар қаламрави Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ягона корхонаест, ки дар он истеҳсоли мунтазами вагонҳои мусофирбар ва боркаш ба роҳ монда шудааст. Маҳсулоти истеҳсолкардаи корхона ба беш аз 20 кишвари ҷаҳон фиристода мешавад.

Дар ҳамин ҳол, айни замон парки амволи КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» аз 1 ҳазору 929 адад вагонҳои боркаш, 424 адад вагонҳои мусофирбар ва 55 тепловоз иборат аст.