Чанде қабл зимни мулоқоти сафири Тоҷикистон дар ИМА Нуриддин Шамсов бо директори иҷроияи Бонки ҷаҳонӣ Йорг Фриден масоили ҳамкории ҷонибҳо дар баргузории баҳогузориҳои техникию иқтисодӣ ва экологиву иҷтимоии нерӯгоҳи «Роғун» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар мулоқот зикр гардид, ки Тоҷикистон тамоми чорабиниҳои заруриро барои идомаи ҳамкорӣ бо Бонки ҷаҳонӣ дар ин самт иҷро кардааст ва ба бандҳои шартномаҳои қаблан бо Бонки ҷаҳонӣ баимзорасида эҳтиром мегузорад. Дар баробари ин, мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба риояи талаботи Бонк ҷиҳати таъмини шаффофияти идоракунии корпоративӣ ва қоидаҳои амалкунандаи Бонки ҷаҳонӣ устувор мебошад.

Дипломати тоҷик таъкид кард, ки татбиқи лоиҳаи мазкур аз авлавиятҳои аввалиндараҷаи сиёсати ҳукумати кишвар маҳсуб гардида, бо мақсади баромадан аз бунбасти энергетикӣ, таъмини аҳолӣ бо қувваи барқ, махсусан дар фасли сармо, рушди бемайлони иқтисодии мамлакат ва кишварҳои минтақа буда, аз он ҷумла Афғонистон ва кишварҳои Осиёи ҷанубӣ муҳим ва зарур мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои барқарорсозиро тибқи мувофиқаи қаблӣ бо мутахассисони Бонки ҷаҳонӣ, ки моҳи июли соли ҷорӣ ба даст оварда шуд, идома хоҳад дод.

Дар мулоқоти ҷонибҳо ҳамчунин масоили ҳамкориҳои дуҷониба дар самти коҳиши сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон, амалисозии лоиҳаҳо дар бахшҳои иқтисодиву иҷтимоӣ матраҳ шуданд.