Дар давоми ҳафтаи равон қурби миёнаи доллари ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ андаке поин рафт.

Бино ба маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон, қурби миёнаи доллари ИМА дар ҳудуди шаҳри Душанбе аз 4,8220-4,8415 то ба 4,8200-4,8385 ва шаҳри Хуҷанд аз 4,8200-4,8360 то ба 4,8180-4,8300 сомонӣ коҳиш ёфт.

Ба иттилои манбаъ, қурбҳои миёна аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ ва евро бошад, нисбатан бетағйир монда, мувофиқан ба 0,1485-0,1495 сомонӣ ва 5,8580-5,8810 сомонӣ баробар шуданд.

Зикр гардид, ки санаи 16-уми август қурби миёнаи доллари ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри Душанбе 4,8200-4,8400, шаҳри Хуҷанд 4,8250-4,8350 ва шаҳри Курғонтеппа 4,8200-4,8300 сомониро ташкил медиҳад.

Қобили зикр аст, ки аз оғози соли равон қурби асъори миллӣ нисбат ба асъори хориҷӣ устувор боқӣ мемонад. Тибқи маълумоти БМТ, дар нимсолаи аввали соли равон қурби асъорӣ миллӣ нисбат ба доллари ИМА ҳамагӣ ба андозаи 0,1% поин рафтааст.