Буҷети давлатии соли ояндаро ҳукумати Тоҷикистон бо назардошти муқаррароти Кодекси нави ҷумҳурӣ таҳия мекунад.

Дар ҳамин ҳол, кумитаҳои палатаи поёнии парлумон баррасии лоиҳаи Кодекси андоз дар таҳрири навро аллакай ба итмом расонида, бо пешниҳоди президенти ҷумҳурӣ он бояд дар ҷаласаи палатаи поёнии парлумон ҳафтаи оянда – рӯзи 5 сентябр мавриди баррасӣ қарор гирад.

Дар робита ба ин масъала узви Кумитаи МН МО ҶТ оид ба буҷет, молия ва андоз Исмоил Талбаков изҳор кард, ки ҳафтаи равон баррасии пешниҳодоти кумитаҳо ва вакилон дар назар аст.

«Маъмулан ҷаласаҳои палатаи поёнии парлумон пас аз таътили тобистона моҳи октябр оғоз мегарданд, вале имсол бо пешниҳоди президент баҳри суръат бахшидан ба ҷараёни қабули кодекси нав ва бо назардошти муқаррароти он аз ҷониби ҳукумат таҳия шудани буҷети соли оянда, ҷаласа аввали моҳи сентябр шурӯъ мешавад», - гуфт ӯ.

Номбурда таъкид кард, ки буҷети давлатии соли оянда аз ҷониби палатаи поёнии парлумон шояд каме дертар аз вақти маъмулӣ қабул гардад, зеро нахуст бояд Кодекси нави андоз ва бастаи асноди зерқонуни он қабул гардад. «Эҳтимол буҷети давлатӣ барои соли 2013 на нимаи моҳи ноябр чун ҳарвақта, балки нимаи моҳи декабр қабул карда шавад», - афзуд Талбаков.

Ёдрас мекунем, ки санаи 30-юми июл дар ҷаласаи ҳукумати ҷумҳурӣ лоиҳаи Кодекси андози Тоҷикистон дар таҳрири нав баррасӣ шуд. Мутобиқи муқаррароти он, шумори андозҳо дар кишвар аз 21 то ба 10 номгӯй кам карда мешавад. Кодекси нави андоз марҳила ба марҳила, шурӯъ аз соли 2013 то соли 2017 мавриди амал қарор дода мешавад.