Дар зарфи 9 моҳи соли равон корхонаҳои минтақаи озоди иқтисодӣ (МОИ)-и «Суғд» ба маблағи умумии беш аз 13 млн. сомонӣ (2,7 млн. $) маҳсулот истеҳсол карданд.

Бино ба иттилои маъмурияти МОИ «Суғд», айни замон дар ҳашт субъекти минтақа истеҳсоли маҳсулот ва пешниҳоди хизматрасониҳои гуногун ба роҳ монда шуда, дар корхонаҳои дигар корҳои таъмир ва барқароркунӣ идома доранд. Ба иттилои манбаъ, феълан дар МОИ «Суғд» 20 субъект, аз ҷумла соли равон се субъект ба қайд гирифта шудаанд.

Соли ҷорӣ ширкатҳои «Равзана Пластик» ва «Некон» ба кор шурӯъ карда, дар заминаи корхонаи муштараки «Стар пласт» ҷиҳати афзоиши ҳаҷми истеҳсоли қубурҳои пластикӣ се хатти нави технологӣ ба истифода дода шудаанд. Дар заминаи корхонаи муштараки «Силкоат Бойя» истеҳсоли колерҳо (илова ба рангҳо)-и анвоъи гуногун оғоз гардид»

Гуфта мешавад, корҳои омодагӣ ба сабти субъектҳои нав дар минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» идома доранд.

То ахири сол дар заминаи ҶДММ «Зарафшон» мавриди истифода қарор додани хатти нави истеҳсоли шакар бо истифода аз ашёи хоми маҳаллӣ дар назар аст. Барои ин дар як қатор ноҳияҳои вилоят ба таври таҷрибавӣ кишти лаблабуи қанд ба роҳ монда шуд.