Маркази барқу гармидиҳӣ (МБГ)-и Душанбе ба мавсими нави оғози фаъолият комилан омода аст.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ширкати «Барқи тоҷик» иттилоъ доданд, айни замон барои истифодаи захираҳо, ки дар фасли сармои шадид метавонанд лозим шаванд, зарурате вуҷуд надорад ва бо расидани сармо корхона ба фаъолият шурӯъ хоҳад кард.

Дар ҳамин ҳол, аз МБГ Душанбе дар ин робита хабар доданд, ки ба оғози фаъолият комилан омода буда, супориши макомоти раҳбарии ширкати «Барқи тоҷик»-ро интизоранд.

Дар робита ба таъмини МБГ бо сӯзишвории асосӣ – гази табиӣ, дар корхона изҳор намуданд, ки миёни ширкати «Барқи тоҷик» ва ҶСК «Тоҷиктрансгаз» дар бораи таъмини марказ дар мавсими тирамоҳу зимистон бо 21 млн. метри мукааб гази табиӣ қарордод ба имзо расидааст.

Дар МБГ таъкид доштанд, ки айни замон дар анборҳои корхона захираҳои сӯзишвории эҳтиётӣ – мазут 16,5 ҳазор тоннаро ташкил дода, рӯзҳои наздик боз 5 тоннаи дигар аз ин навъи сӯзишворӣ дастрас мегардад ва дар маҷмӯъ, захира кардани мазут дар ҳаҷми 30 ҳазор тонна дар назар аст.

Ёдрас мекунем, ки соли гузашта МБГ Душанбе нимаи дуюми моҳи декабр ба фаъолият шурӯъ намуда, қисман танҳо сокинони ноҳияҳои Шоҳмансур ва Исмоили Сомонии пойтахт бо гармӣ ва оби гарм таъмин карда шуданд.

То ин замон тайи ду соли ахир корхона ба фаъолияти худ аз 1-уми декабр оғоз бахшида, солҳои аз он қаблӣ бошад, мавсими кори МБГ Душанбе ҳамасола аввали моҳи ноябр оғоз ва аввали моҳи апрел ба итмом мерасид.

Маркази барқу гармидиҳии Душанбе (ТЕЦ) соли 1968 мавриди истифода қарор гирифта, иқтидораш 198 МВт-ро ташкил медиҳад. Дар корхона ба сифати сӯзишвории асосӣ гази табиӣ ва сӯзишворири эҳтиётӣ мазут истифода мешавад.