Ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ ба Тоҷикистон дар зарфи 10 моҳи соли ҷорӣ қариб ба 3 млрд. $ баробар шуд.

Дар гузориши «Мониторинг ва огоҳии барвақтӣ дар Тоҷикистон» («Мониторинг и раннего оповещения в Таджикистане») зикр мегардад, ки моҳи октябр ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ ба Тоҷикистон каме бештар аз 380 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин моҳи соли гузашта 12 фоиз зиёдтар аст.

Гуфта мешавад, моҳи сентябри соли равон ба Тоҷикистон – беш аз 421, август – 436, июл – 385, июн – 320, май – 275, апрел – 241, март – 201, феврал – 165 ва январ низ тақрибан 165 млн. доллари ИМА маблағи пулӣ интиқол дода шудааст.

Бино ба маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон, соли гузашта ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ ба кишвар беш аз 2,9 млрд. доллари ИМА-ро ташкил дода буд, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли 2010 ба андозаи 33 фоиз зиёдтар аст.

Тибқи маълумоти Бонки марказии Русия бошад, соли 2011 ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ ба Тоҷикистон аз 3 млрд. доллари ИМА бештар буд.

Дар ҳамин ҳол, дар гузориш бо такя ба маълумоти Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ зикр мегардад, ки моҳҳои январ-октябри соли ҷорӣ зиёда аз 765 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон муҳоҷирати корӣ дар хориҷи кишварро ихтиёр кардаанд.

Бино ба маълумоти Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия бошад, айни замон дар қаламрави Русия беш аз 1 млн. нафар шаҳрвандони Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд.