Дар чоҳи нафтугаздори «Шаҳринав-1п»-и минтақаи Сариқамиш, ки дар 36 километрии ҷанубу ғарбии шаҳри Душанбе воқеъ аст, корҳои пармакунӣ идома доранд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии ширкати Gazprom International дар Тоҷикистон хабар доданд, ба санаи 26-уми ноябр чуқурии пармашуда дар чоҳ ба 5 ҳазору 360 метр расида, анҷоми пурраи корҳои пармакунӣ дар чоҳи мазкур ахири соли равон дар назар аст. Тибқи нақша, чуқурии пурраи ин чоҳ ба 6 ҳазору 300 метрро ташкил хоҳад дод.

Захираҳои пешакии газ дар минтақаи нафтугаздори Сариқамиш 18 млрд. метри мукааб, захираҳои нафт – 17 млн. тонна ва гази омехта дар нафт – 2 млрд. метри мукааб арзёбӣ мешаванд.

Ёдрас мекунем, ки ширкати русиягии Gazprom International 7-уми декабри соли 2010 ба корҳои пармакунии чоҳи «Шаҳринав-1п» оғоз карда буд.

Ба иттилои манбаъ, феълан дар қаламрави Тоҷикистон КМ «Сомон Ойл» (Тоҷикистону Швейтсария), Tethys Petroleum (Канада), КМ «Петролиум Суғд» (Тоҷикистону Австрия) ва ширкатҳои ватании ҶДММ «Салоса», ҶДММ «Азизӣ-1», Ҷдмм «Шоҳон», ҶСП «Ҳасан ва К», ҶДММ «Ҳалолӣ», ҶДММ «Нафти Темурималик» ва ҶДММ «Абадӣ» низ ба корҳои иктишофу ҷустуҷӯи нафту газ машғуланд.

Ёдрас мекунем, ки моҳи июли соли равон мақомоти раҳбарии Tethys Petroleum изҳор карда буд, ки дар натиҷаи гузаронидани корҳои иктишофи геологӣ дар Тоҷикистон захираҳои хеле зиёди нафту газ ошкор шуданд, ки 27,5 млрд. баррели эквиваленти нафтиро ташкил медиҳанд ва 69%-и он ба гази табииву 31%-аш ба нафту конденсати газӣ рост меоянд.

Барои дарки ин миқёс захираҳо метавон онҳоро бо захираҳои кишварҳои пешсафи истихроҷи нафту газ дар ҷаҳон муқоиса намуд. Бино ба арзёбии ширкати Tethys Petroleum, айни замон захираҳои нафти Қувайт - 101,5 млрд., Русия – 77,4 млрд., Либия – 46,4 млрд. ва Қатар – 25,9 млрд. баррелро ташкил медиҳанд.