Рӯзҳои истироҳати ҳафтаи сипаришуда дар шаҳри Киев ҷаласаи 58-уми Шӯрои Созмони байнулмилалӣ оид ба ҳамкории илмиву техникӣ дар бахши саноати электротехникии «Интерэлектро» баргузор шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари медиахолдинги Tajinfo дар Русия, иштирокчии ин ҷаласа Муҳаммади Эгамзод хабар дод, дар кори ҷаласа ҳайати намояндагони вазорату идораҳои дахлдори 24 кишвари узви Шӯро ширкат варзиданд. Дар ҷаласа масоили роҳандозӣ ва густариши ҳамкориҳои байнулмилалӣ ва барномаи рушди «Интерэлектро» барои соли 2013 баррасӣ шуданд.

Ба қавли номбурда, узви Шӯро аз Қазоқистон, доктори улуми физикаву математика, академики Академияи байнулмилалии улуми электротехникӣ ва Академияи ҷаҳонии амнияти комлексӣ  Куралбой Бухорбоев раиси Шӯро ва  зодаи Тоҷикистон, Корманди шоистаи «Интерэлектро» бо собиқаи кории 14-сола, узви ҳақиқии Ассотсиатсияи минтақавии «Самаранокии энергетикӣ ва меъёрбандӣ» («Энергоэффективность и нормирование») ва узви Академияи ҷаҳонии амнияти комлексӣ Рӯзи Неъматов мудири Котиботи «Интерэлектро» интихоб шудаанд.

Зимнан зикр гардид, ки аз рӯи натоиҷи ҷаласаи 58-уми «Интерэлектро» Протокол ба имзо расид, ки аслан ба муттаҳидсозии кӯшишҳои ҷонибҳо дар замони муосир равона шудааст.