Соли гузашта дар корхонаҳои саноатии шаҳри Хуҷанд ба маблағи 359 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шуд, ки нисбат ба соли 2011-ум 13,8 фоиз зиёд аст.

Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов дар ҷамъи рӯзноманигорон изҳор намуд, ки соли гузашта шумори корхонаҳои саноатӣ дар маркази маъмурии вилояти Суғд ба 75 адад расида, дар ин давра 30 корхонаи нав мавриди истифода ва 600 нафар бо ҷойҳои корӣ дар онҳо таъмин карда шуданд.

Ӯ зикр кард, ки соли гузашта 7 корхона ба коркарди нахи пахта машғул гардида, натиҷаи кори онҳо коркарди 1882 тонна маҳсулот аст. «Соли равон низ ба истифода додани боз 30 корхонаи нави саноатӣ бо 600 ҷойҳои нави корӣ дар назар аст», - иброз дошт раиси шаҳри Хуҷанд.

Номбурда ҳамчунин қайд кард, ки соли гузашта дар шаҳри Хуҷанд 26 иншооти таъиноти фарҳангиву маишӣ ва манзиливу коммуналӣ мавриди истифода қарор гирифта, бо харҷи 970 тонна асфалт беш аз 8 ҳазор метри мураббаъи роҳҳои маркази шаҳр асфалтпӯш шуданд.