Соли гузашта дар Тоҷикистон наздики 875 ҳазор метри мураббаъ манзил ба истифода дода шудааст.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Агентии сохтмон ва меъмории назди ҳукумати ҶТ иттилоъ доданд, соли сипаришуда мактабҳои нав бо 17,9 ҳазор ҷойи нишаст ба кор шурӯъ намуданд. «Ҳамчунин дармонгоҳҳо барои қабули 672 бемор ва беморхонаҳо барои 195 кат ба истифода дода шуданд», - гуфтанд дар Агентӣ.

Ба иттилои манбаъ, феълан дар 65 шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ дар асоси нақшаҳои генералӣ корҳои сохтмонӣ ба роҳ монда шудаанд. «Айни замон корҳои таҳия ва тасҳеҳи нақшаи генералии шаҳрҳои Исфара, Конибодом, Панҷакент,  Истиқлол (Табошар), марказҳои ноҳияҳои Дарвоз, Мӯъминобод, Темурмалик, Вахш ва Ҷиликӯл ҷараён доранд», - афзуд сарчашмаи хабар.