Чанде қабл зимни гуфтугӯи телефонӣ миёни нахуствазири Тоҷикистон Оқил Оқилов ва муовини аввали раиси ҳукумати Русия Игор Шувалов масоили марбут ба фаъолияти комиссияҳои байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва ҳамчунин масъалаи ҷараёни таҳия ва имзои Созишнома дар бораи таҳвили маҳсулоти нафтии Русия ба Тоҷикистон бидуни боҷи содиротӣ баррасӣ шуданд.
Бино ба маълумоти Котиботи нахуствазири ҷумҳурӣ, зимни гуфтугӯ зикр гардидааст, ки лоиҳаи Созишнома дар бораи таҳвили маҳсулоти нафтии Русия ба Тоҷикистон бидуни боҷи содиротӣ бо назардошти пешниҳодоти ҳарду ҷониб омода гардида, ояндаи наздик масъалаи имзои он ҳаллу фасл мешавад.
Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои як манбаъи ОИ «Азия-Плюс» аз ҳукумати ҷумҳурӣ, рӯзи 17-уми январ ташрифи вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров ба Тоҷикистон дар назар аст ва аз эҳтимол дур нест, ки дар ҷараёни ин сафар созишномаи зикршуда ба имзо хоҳад расид.
Путин Эмомалӣ Раҳмонро ба Маскав даъват кард. Суҳбати роҳбарони ду давлат дар пайи мушкилоти муҳоҷирони тоҷик дар Русия
Мушкили шадиди дастрасӣ ба иттилоъ. Идомаи фишор ба расонаҳо ва рукуди озодии баён
Сафири Британияи Кабир дар Тоҷикистон иваз шуд
Тоҷикистониён кадом расонаҳоро бештар пайгирӣ мекунанд?
Маоши кам сабаби тарки соҳа кардани мутахассисон дар Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ шудааст
Дар вилояти Курск кор дар таксиро барои муҳоҷирон манъ карданд
Дабири Шӯрои амнияти Қирғизистон “эҳтимоли табодули қитъаҳо” ҳангоми ҳалли баҳси марзӣ бо Тоҷикистонро истисно надонист
Интиқом барои террор дар “Крокус” ё чораҳои зиддитеррористӣ? Омили аслии бархӯрди шадиди Русия бо шаҳрвандони Тоҷикистон чист?
Сафири Амрико аз водии Рашт боздид кард
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон сафири ИМА-ро ба ҳузур пазируфт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста