Соли гузашта истихроҷи ангишт дар ҷумҳурӣ ба 412 ҳазор тонна расонида шуд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2011 ба миқдори 175 ҳазор тонна зиёд мебошад.

Бино ба маълумоти хадамоти мтбуоти Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ, дар иҷрои нақшаи соли 2012 ҳиссаи корхонаи КФ Шахтаи «Фон Яғноб» (73%) назаррас буда, 38,8 фоизи ангишти дар ҷумҳурӣ истихроҷгардидаро ташкил дод.

Ба иттилои манбаъ, бо назардошти бақияи солҳои қаблӣ дар якҷоягӣ бо воридот, соли гузашта  фурӯши ангишт дар ҷумҳурӣ зиёда аз 444 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 206 ҳазор тонна зиёд мебошад.

Гуфта мешавад, захираи ангишт дар анборҳои корхонаҳои соҳаи ангишт ва нуқтаҳои фурӯш зиёда аз 35 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. Айни замон дар саросари кишвар ҳудуди 2 ҳазор нуқтаҳои фурӯши ангишт амал мекунанд.

Зимнан зикр мегардад, ки тайи солҳои охир дар ҷумҳурӣ 154 адад корхонаҳои саноатӣ фаъолияташонро пурра бо ангишт ба роҳ монданд, ки талаботи умумии солонаи онҳо зиёда аз 200 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.