Чанде қабл зимни мулоқоти вазири энергетика ва саноати ҷумҳурӣ Гул Шералӣ бо сафири Чин дар Тоҷикистон ҷаноби Фан Сян Жун масъалаи бо ҷалби сармоягузории чинӣ таъсис додани корхонаи муштараки бофандагии Тоҷикистону Чин баррасӣ шуданд.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ, дар мулоқот масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи саноати сабук, аз ҷумла коркарди пахта то истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ ва имконияти бунёди як корхонаи нав дар шаҳри Душанбе бо истифодаи технологияи ҳозиразамон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар вохӯрӣ зикр гардид, ки дар Тоҷикистон барои рушди саноати сабук ва таъсиси корхонаи муштараки бофандагӣ  шароитҳои мусоид, аз ҷумла фазои мусоиди сармоягузорӣ, дастрас будани ашёи хом, бахусус нахи пахта, қувваи арзони корӣ, нерӯи барқ ва ҳамчунин захираи кофии ашёи хом фароҳам оварда шуда, баҳри ҳимояи сармоягузорон заминаи дахлдори қонунгузорӣ мавҷуд аст.

Қобили зикр аст, ки соли гузашта дар Тоҷикистон беш аз 417 ҳазор тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ шуда, аз он беш аз 134 ҳазор тонна нахи пахта истеҳсол шуд. Дар корхонаҳои коркарди нахи пахтаи кишвар аз ин миқдор зиёда аз 10,2 ҳазор тонна нахи пахта коркард шудааст, ки ҳамагӣ 7,7% аз ҳаҷми умумии маҳсулотро ташкил медиҳад.