Айни замон ширкати «Барқи тоҷик» бузургтарин корхонаи қарздори кишвар аз пардохти андоз аст.

Раиси Кумитаи андози назди ҳукумати ҶТ Нусратулло Давлатов зимни нишасти матбуотӣ изҳор намуд, ки ба аввали соли равон қарзи умумии ширкати «Барқи тоҷик» аз пардохти андоз беш аз 256 млн. сомонӣ (зиёда аз 77,5 млн. $)-ро ташкил медиҳад.

«Қарзҳои дигари бузурги воҳидҳои Вазорати мелиоратсия ва захираҳои об – 56 млн., ҶСК «НОБ Саннгтӯда-1» - 33 млн., ҶСК «Тоҷиктелеком» - 5,5 млн. ва ҶСК «Лаъл»-и шаҳри Хуҷанд – беш аз 4 млн. сомониро ташкил медиҳанд», - гуфт вай.

Ба қавли ӯ, қарзи аксари зиёди субъектҳо аз пардохти андоз 1-2 млн. сомониро ташкил дода, бо онҳо баҳсҳои судӣ идома доранд. «Дар муқоиса бо соли гузашта ба санаи 1-уми январи соли равон ҳаҷми бақияи қарзҳо аз андоз ба миқдори 109 млн. сомонӣ афзуда, ба 641 млн. сомонӣ баробар шуд», - гуфт раиси Кумитаи андоз.

Давлатов ҳамчунин гуфт, соли гузашта нақшаи ҷамъоварии андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба андозаи 5% барзиёд ба иҷро расида, аз нақшаи пешбинишудаи 4 млрд. 653 млн. сомонӣ ба буҷет 4 млрд. 881 млн. сомонӣ маблағ ворид гардид.