Бо мақсади шиносоӣ бо рафти коргузории Равзанаи ягонаи миллии Таиланд  дар раванди воридотию содиротӣ, намояндагони Дастгоҳи Иҷроия, Маҷлиси Намояндагон, вазоратҳову ташкилотҳои мухталиф ва созмонҳои ташкилотҳои тиҷоратӣ, ки дар амалӣ сохтани лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо «Дастгирӣ барои ташаккули Равзанаи ягона оид ба расмияти воридотию содиротӣ ва транзитӣ» ҷалб гардидаанд, инчунин бархе аз журналистон сафари Бангкок, Таиланд намуданд.

Тавре аз намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон хабар доданд, дар мадди аввал ҳайати сафарӣ ҷиҳати омӯзиши таҷриба дар семинари баланд бардоштани сатҳи назаряивӣ иштиррок намуданд, ки дар рафти он равзанаҳои ягона дар Сингапур, Кореяи Ҷанубӣ ва Таиланд муаррифӣ карда шуданд. Ҳозирини семинар тавонистанд аз масоили ҷолиби диққат пурсон шуда, шубҳаҳои хешро оиди амалиёти равзана барҳам диҳанд. Ба иттилои манбаъ, рӯзи дигар ҳайати сафар меҳмони Шуъбаи гумруки Таиланд гардид, ки он ҷорикунандаи амалиёти равзанаи ягона мебошад. Ин ҷо меҳмонони тоҷик тавонистанд аз маълумоти бештаре оиди ташаккул, амалиёт ва нақшаҳои такмилдиҳии шабакаи Равзанаи ягона бархӯрдор шаванд.

Зимнан зикр гардид, ки дар натиҷаи сафари бо дастгирии Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон суратгирифта, иштирокчиён оиди афзалиятҳои ин раванд бештар хабардор гардида, ташаккули равзанаи ягонаро дар Тоҷикистон беш аз пеш дастгирӣ менамоянд. Журналистони дар ҳайатисафарӣ ҳузурдошта филми кӯтоҳмуддате омода месозанд, ки тариқи шабакаҳои телевизионии маҳаллӣ пахш хоҳад гардид.

Интизор аст, ки то охири моҳи октябри соли 2013 Тоҷикистон яке аз аввалин мамолики Осиёи Марказӣ мегардад, ки он ҷо системаи соддатар сохтани раванди тиҷорат дар амал татбиқ гардидааст. Маблағгузории умумии лоиҳа 2 млн евроро ташкил дода, тартиб додани таъмини барномавӣ, таълими кормандон ва истифодабарандагони система, таъминоти таҷҳизоти лозимаро дар бар мегирад.

Иттиҳоди Аврупо аз 27 мамолики узв иборат буда, донори бузургтарини дунё маҳсуб мешавад. Ҷумҳурии Тоҷикистон бештарин ҳиссаи ёрии дутарафаро дар минтақаи Осиёи Марказӣ (66 миллион евро барои 2007-2010 ва 62 миллион барои 2011-2013) барои дастгирии барномаҳои секторӣ, ёрии техникӣ ва грантӣ соҳиб мешавад. Ин ёрӣ ба соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, пешравии тандурустӣ ва сектори хусусӣ равона карда мешавад.

Тоҷикистон, ҳамчунин, аз ёрии минтақавӣ ва мавзӯъӣ дар чунин соҳаҳо, ба мисли назорати сарҳадӣ ва мубориза алайҳи нашъаҷалобӣ (BOMCA/CADAP), маориф (TEMPUS, Erasmus Mundus), об/муҳити атроф, муҳоҷират, ҳуқуқи башар ва демократия (EIDHR), сохторҳои ғайридавлатӣ (NSA) ва тараққиёти муассисаҳои хурд ва миёна (CA-Invest) бархурдор аст. Аз соли 1992 инҷониб Иттиҳоди Аврупо ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 550 млн. евро кӯмак фароҳам намуд.