Ба аввали соли равон бақияи қарзҳои низоми бонкии ҷумҳурӣ 5,3 млрд. сомонӣ (беш аз 1,1 млрд. $)-ро ташкил дод.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон, аз миқдори умумӣ 40,2 фоизро қарзҳо бо пули миллӣ ва 59,8 фоизи боқимондаро қарзҳо бо асъори хориҷӣ ташкил доданд.

Ба иттилои манбаъ, дар ин давра 6,8 млрд. сомонӣ (беш аз 1,4 млрд. $) қарз дода шудааст, ки нисбат ба соли қаблӣ 4,6 фоиз зиёд мебошад. Фоизи миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ 21,4 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 24,5 фоизро ташкил намуд, ки ин нисбат ба соли қаблӣ бо пули миллӣ 1,0 банди фоизӣ кам ва бо асъори хориҷӣ 2,5 банди фоизӣ зиёд мебошад.

Зимнан зикр мегардад, ки ҳаҷми қарзҳои хурди додашуда нисбат ба соли пеш 33,7 фоиз зиёд шуда, 3,2 млрд. сомониро ташкил дод. Аз он ҷумла, ба ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон 663,6 млн. сомонӣ қарзҳои хурд дода шуданд, ки назар ба соли қаблӣ 28,2 фоиз зиёд аст.

Теъдоди ташкилотҳои қарзӣ дар интиҳои соли ҳисоботӣ 142 ададро ташкил намуд, аз ҷумла: 16 бонк, 1 ташкилоти карзии ғайрибонкӣ, 35 ташкилоти амонатии кредитии хурд, 44 ташкилоти қарзии хурд, 46 фонди қарзии хурд ва 301 филиалҳо фаъолият доштанд.