Аз эҳтимол дур нест, ки дар оянда шоҳроҳҳои дигари Тоҷикистон низ пулакӣ шаванд. Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ Низом Ҳакимов,  вазири нақлиёти Точикистон хабар дод.

Ба гуфтаи вазир, нигоҳдории роҳҳо дар Тоҷикистон хароҷоти зиёд талаб мекунад ва яке аз воситаиҳои таъмини ин хароҷот ҷамъоварии маблағ аз истифодабарандагони роҳ аст. Вазири нақлиёт таъкид кард, ки то соли 2014 пулакӣ шудани роҳҳо дар назар нест. Ӯ афзуд, ки зимни роҳандозии ин иқдом дар солҳои оянда, ҳатман назари мардумро ба инобат хоҳанд гирифт. 

Айни ҳол дар Тоҷикистон бо қарзу грантҳои хориҷӣ шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб ва Душанбе-Турсунзода тармиму тачдид шуда истодаанд, аммо ягона роҳе, ки дар кишвар пулакӣ аст, шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ мебошад. Шуруъ аз 1-уми апрели соли 2010-ум роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ бо қарори ҳукумати Точикистон пулакӣ шуд ва зери назорати ширкати IRS (Инноватив Роуд Солюшнз) гузашт.

Ин ширкат дар хориҷ аз Тоҷикистон сабти ном шуда, бо қарори парлумони кишвар аз имтиёзҳои махсус бархӯрдор аст. Аз ҷумла, ин ширкат на танҳо худи роҳ, балки ҳошияи ду тарафи онро низ зери назорат дорад.

Вазири нақлиёт аз фаъолияти ин ширкат изҳори қаноатмандӣ карда, зикр кард, ки барои нигоҳдории роҳ маблағҳои зиёд масраф мекунад. Вазир таъкид кард, ки танҳо соли гузашта IRS ба буҷаи Точикистон беш аз 3 миллион сомонӣ ворид кардааст.