Даромади умумии операторони мобилӣ ва интернет-провайдерони Тоҷикистон дар соли гузашта 2 млрд. 281 млн. 800 ҳазор сомонӣ ё худ 470,5 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ хабар доданд, дар муқоиса бо соли 2011 соли гузашта ҳаҷми даромади ширкатҳои бахши алоқа ба андозаи 14,6% афзудааст.

«Маблағи даромад бо назардошти даромади оператори миллии алоқаи ҶСК «Тоҷиктелеком» зикр шуда, маблағи хизматгузориҳои танҳо ба аҳолӣ пешниҳодшуда бидуни назардошти корхонаву ширкатҳо ба 1 млрд. 87,5 млн. сомонӣ баробар шуд», - гуфтанд дар вазорат ва тавзеҳ доданд, ки дар бораи даромадҳои ҷудогонаи ширкатҳои бахши алоқа маълумот надоранд.

Ба иттилои манбаъ, соли 2012 шумори муштариёни бахши алоқа ба 8,3 млн. нафар, шумори муштариёни алоқаи собит ба 400 ҳазор нафар, корбарони шабакаи интернет, аз ҷумла интернети мобилӣ ба 3,7 млн. нафар расидааст.

Қобили зикр аст, ки айни замон дар Тоҷикистон 6 ширкати оператори мобилӣ ва ҳудуди 10 ширкати фароҳамсози интернет (провайдерон) амал мекунанд.