Об барои тамоми шаклҳои инсонӣ ва ғайри ҳаёт зарур аст. Норасоии об метавонад оқибатҳои тахрибкор дошта, ба пастшавии ногаҳонии истеҳсолоти маҳсулоти озуқаворӣ ва таҳдиди ҳаёт оварда расонад. Камбуди об метавонад боиси тағйирсозии маҳалли одамон ва ҳатто сабаби аслии муноқиша гардад. Аммо, мавҷудияти баҳсҳои обӣ дар кишвари фаровонӣ аҷиб ва ғайриоддӣ менамояд. Ба ҳар ҳол, чунин вазъ дар Осиёи Марказӣ ҳукмфармо аст.

Дар даврони шӯравӣ, тамоми омил аз ҷониби Москва ба таври марказонида ба нақша гирифта мешуд. Дар ҷанги давомноки худ роҷеъ ба “ромкунии” табиат, Сталин мефармуд, ки дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистону Қирғизистон барои интиқоли об ҷиҳати обёрии кишоварзӣ ба кишварҳои поёноб дар аёми гарми тобистон обанборҳо созанд. Дар навбати худ, баъзе захираҳои бойи ангишт ва нафти ҷумҳуриҳои поёноб ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафарбар карда мешуданд, то онҳоро давоми зимистони қаҳратун бо нерӯ таъмин намоянд.

Дар айёми Иттиҳоди Шӯравӣ, Москва ба Қирғизистон ва Тоҷикистон фишор меовард, ки онҳо обанборҳои худро дар моҳҳои тобистонхолӣ кунанд, то майдонҳои пахтаи давлатҳои поёноб обёрӣ карда шаванд. Ҳамаи ин ҳолат пас аз ба даст овардани истиқлолият тағйир ёфт. Қирғизистон ва Тоҷикистон ҳоло обро дар давоми тобистон захира мекунанд ва онро дар зимистон барои гирифтани нерӯи барқи обӣ мепартоянд. Ин омил ба як қатор баҳсҳои ҷиддӣ аз лаҳзаи ба даст овардани истиқлолият оварда расонд. Ҳамчун ҳалли бевосита ба ин мушкилот, кишварҳои поёноб, ба монанди Узбекистон, боҷаҳд сохтмони обанборҳоро бо мақсади нигоҳдории захираҳои худии об дар тобистон оғоз намуданд ва ҳамзамон обро барои обёрии қитъаҳои бузурги пахта ва ҳатто биринҷ истифода мебурданд. Ин амал ба хушкшавии боз ҳам зудтари Баҳри Арал мусоидат кард.

Ташаннуҷи бештарин алҳол байни Тоҷикистон ва Узбекистон вуҷуд дорад. Зоҳиршавии охиртарини ин ташаннуҷ интишори мақолаи псевдо-академикӣ таҳти унвони “Гидроқаллобӣ ё захираҳои обӣ ҳамчун фишанги фишор” дар рӯзномаи ҳукумати узбек “Сухани халқ” 25 январи соли 2013 буд, ки муаллифони он сохтмони НОБ­-и бузурги Роғунро дар Тоҷикистон ошкоро интиқод менамоянд ва таъкид мекунанд, ки ин омил дар сурати заминларза ба ҳаёти одамон таҳдид карда, ба интиқоли захираҳои бузурги обӣ ба Узбекистон монеа мешавад.

Дар мақола дар бораи рекорди бадвоҳимаи Узбекистон оид ба ғункунии захираҳои обӣ зикр намешавад. Об дар ҳаҷми хеле ҳам бузург дар секторҳои биринҷӣ ва пахтагӣ сарф мегардад. Узбекистон аз ҷиҳати содироти пахта дар дунё дар ҷойи сеюм меистад ва ҳамасола аз савдои он қариб 1 млрд. доллари ШМА ба даст меорад. Истеҳсолоти пахта дар Узбекистон яке аз ташаббусҳои истисморгартарин дар ҷаҳон маҳсуб меёбад; ҳукумат мунтазам садҳо ҳазор кудаконро маҷбур месозад, то ба сифати коргар зимни ҷамъоварии ҳосил дар кишвар ҳамасола меҳнат кунанд. Пахта инчунин зироате мебошад, ки ҳаҷми бузурги обро барои обёрӣ талаб менамояд. Узбекҳо даҳҳо ҷуйборҳои нав, ҷуйборҳои обёрӣ ва обанборҳоро бунёд сохтанд, ки аксари онҳо заминӣ буда, ба талафоти фоҷеабори об тавассути полоиш ва буғшавӣ моил ҳастанд.

Шӯршавӣ дар ҳавзаи Баҳри Арал ва махсусан дар Узбекистон кори оддӣ мебошад ва ҳам дар обу ҳам дар хушкӣ бар асари истифодаи усулҳои бади идоракунии захираҳои обӣ дар минтақа ба амал омадааст. Обёрии аз ҳад зиёд дар ҳавза ба сафарбарии захираҳои амиқи намакҳо дар замин оварда расонида, сатҳи обҳои заминӣ ва майдонҳои ботлоқшударо баланд бардошт. Замин ҳоло чунон шӯр аст, ки саноати як замон манфиатноки пахтаи узбек барои арзи вуҷуд мубориза мебарад. Аз ин лиҳоз, аҷиб аст, ки муаллифони мақола дар рӯзномаи “Сухани халқ” ҳукумати тоҷикро дар омили хавфноки тавассути сохтмони НОБ-и Роғун “таркиби гидрокимиёвӣ ва шӯрнокии оби дарё, ки дар навбати худ ҳаҷми ғуншавии намакҳоро дар қитъаҳои обёришаванда афзоиш медиҳад, гунаҳкор мекунанд”.

Ин ба ҳеҷ ваҷҳ ба ҳақиқат наздик нест. Аз ҳама саҳми бузургтарин ба шӯрнокӣ ин низоми бади мудирияти захираҳои обӣ ва таваҷҷӯҳи кунунӣ ба инкишофи зироатҳои обёришаванда, ба монанди биринҷ ва пахта дар Узбекистон мебошад. Лоиҳаи НОБ-и Роғун дар болои дарёи Вахш таҳвили обро ба кишварҳои поёноб паст намеорад ва боиси шӯрнокшавии минбаъда низ намегардад; он ҳатто дар ҳолати заминларзаи шадид ба пошхӯрӣ моил нест. Танқидгарони НОБ-и Роғун гуё фаромуш кардаанд, ки он болотар аз НОБва обанбори мавҷудаи Норак, ки ҳанӯз дар айёми шӯравӣ сохта шуда буд, ҷойгир аст. Сарбанди бузурги 300-метраи НОБ­-и Норак ба заминларзаҳои бешумор тоб овардааст. Обанбори бузурги он сарчашмаи устувор ва бовариноки обро барои кишварҳои поёноби ҳамсояҳои Тоҷикистон нигоҳ медорад. НОБ-и Роғун аз он ҳеҷ фарқият надорад.

Пас аз истифодадиҳӣ, НОБ-и Роғун дар иқтидори баландтарин 3600 МВт истеҳсол хоҳад намуд. Беш аз 45 км нақбҳои зеризаминӣ аллакай дар вақтҳои шӯравӣ ба анҷом расиданд ва ҳоло бозсозӣ карда шуданд. Он барои сарбандии дарёи Вахш дар водии танги нишебӣ муайян шудааст, ки дар он НОБ-и Роғун дар болои сарбанди 335-метра ҷой гирифтааст, ки он ба иншооти шӯравии муваффақ, ки дар Норак истифода шудааст, монанд мебошад. Хатҳо ва инфрасохторҳои ҳавоӣ, ки барои фурӯши ин нерӯи барқ ба кишварҳои ҳамсоя, чун Афғонистон ва Покистон, зарур мебошанд, аллакай сохта шуда истодаанд. Обанбори наве, ки дар Роғун сохтмони он ба нақша гирифта шудааст, даҳ солро талаб мекунад, пеш аз он ки он пурра ба кор дарояд, аммо тоҷикон кафолат медиҳанд, ки онҳо ба кишварҳои ҳамсояи поёноби худ интиқоли ҳамон ҳаҷми обро, ки онҳо ҳоло тавассути Амударё ва Сирдарё истифода мебаранд, идома медиҳанд. Онҳо иброз медоранд, ки низоми нави сарбандҳои онҳо мудирияти муносиби захираҳои обиро таъмин мекунад, ки дар навбати худ ба ҳама манфиат меорад. Тоҷикон изҳор медоранд, ки онҳо ҳеҷ гоҳ ва дар оянда низ ҷараёни обро ба ҳамсоягони поёноби худ маҳдуд нахоҳанд кард.

Ҳар вақте ки он ба ҳолати корӣ оварда шуд, НОБ-и Роғун ба сифати сарчашмаи нерӯи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза хизмат хоҳад кард, ки ҳамзамон арзон ва фаровон буда, талаботи Тоҷикистонро қонеъ гардонида, кишварҳои ҳамсоя, ба монанди Афғонистон ва Покистонро бо нерӯи ҳаётан муҳим таъмин хоҳад намуд. Ин, ба назар мерасад, ки вазъи бурднок дар минтақае, ки ба нерӯ ниёзи калон дорад, мебошад. Дар тавъам бо истифодаи бештар стратегии об дар кишварҳои поёноб, бо обанборҳои бетонӣ ва обёрии қатрагӣ, ҳеҷ сабабе нест, ки барои чи захираҳои бойи обӣ дар Осиёи Марказӣ наметавонанд мунсифона тақсим карда шуда, ҳамон тавр истифода шаванд, ки ба ояндаи Водии Фарғона беҳбудӣ орад, на он ки онро таҳдид намояд.

Сарбанди НОБ-и Роғун сазовори “чароғи сабз” аст. Ғарб ва махсусан Иттиҳоди Аврупо бояд дастгирии худро ба ин лоиҳаи ҳадафмандона ба хотири суботи дарозмуддати Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ зоҳир намоянд. Алтернативаҳо – камбизоатии давомдор ва ноумедии халқи азиятдида – ба манфиати ҳеҷ ҷониб нест.

Струан Стивенсон вакили Парлумони Аврупо аз ҳизби консервативии Шотландия мебошад. Ӯ президенти интергурӯҳ оид ба тағйирёбии иқлим, танаввӯи биологӣ ва рушди устувор дар Парлумони Аврупо буда, муаллифи “Мероси Сталин, ҷанги шӯравӣ зидди табиат” аст (ISBN 978-1-78027-090-6) www.birlinn.co .

Мақола дар сомонаи маҷаллаи “The European Times” (Брюссел, Белгия) аз 28.01.2013

http://www.european-times.com/news/a-green-light-for-rogun/