Дар муқоиса бо моҳи январи соли гузашта моҳи аввали соли равон истихроҷи ангишт дар Тоҷикистон беш аз ду маротиба афзуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ хабар доданд, моҳи янвраи имсол дар кишвар зиёда аз 15 ҳазор тонна ангишт истихроҷ шудааст, ки дар муқоиса бо моҳи январи соли гузашта тақрибан 8 ҳазор тонна бештар аст.

Ба иттилои манбаъ, моҳи гузашта ҳаҷми фурӯши ангишт дар саросари ҷумҳурӣ ҳудуди 13,7 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба миқдори 6,8 ҳазор тонна зиёдтар мебошад.

Дар Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ зикр мекунанд, ки афзоиши ҳаҷми фурӯш ба гузаштани бисёре аз корхонаҳо, аз ҷумла ширкати бузурге чун КВД «Ширкати алюминии тоҷик» ба истифодаи ангишт ҳамчун сӯзишвории алтернативӣ марбут аст.

Гуфта мешавад, айни замон захираи ангишт дар анборҳои корхонаҳои соҳаи ангишт ва нуқтаҳои фурӯш 36,4 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. Айни замон дар саросари кишвар ҳудуди 2 ҳазор нуқтаҳои фурӯши ангишт амал мекунанд.

Зимнан зикр гардид, ки тайи солҳои охир дар ҷумҳурӣ 154 адад корхонаҳои саноатӣ фаъолияташонро пурра бо ангишт ба роҳ монданд, ки талаботи умумии солонаи онҳо зиёда аз 200 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.

Соли гузашта истихроҷи ангишт дар ҷумҳурӣ ба 412 ҳазор тонна расонида шуд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2011 ба миқдори 175 ҳазор тонна зиёд мебошад.