Дар рӯзҳои таҷлили ҷашни Наврӯз маросими мавриди истифода қарор гирифтани корхонаи ғанисозӣ ва коргоҳи поксозии тило (аффинажӣ) дар корхонаи истеҳсоли тилои «Зарафшон» баргузор мешавад.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати энергетика ва саноати ҶТ, чанде қабл вазири энергетикава саноати кишвар Гул Шералӣ сармоягузорони КМ «Зарафшон»-ро ба ҳузур пазируфт.

Ба иттилои манбаъ, дар рафти мулоқот аз тарафи сармоягузорон иттилоъ дода шудааст, ки фабрикаи ғанисозӣ бо иқтидори коркарди 2000 тн. маъдан дар як шабонарӯз ва сохтмони коргоҳи поксозии тилло пурра ба итмом расида, дар арафаи иди Наврӯз ба истифода дода мешаванд.

Инчунин аз тарафи сармоягузорони ширкат сохтмони фабрикаи ғанисозӣ дар соли 2014 бо иқтидори 10000 тн. маъдан дар як шабонарӯз ба анҷом расонида мешавад, ки ин барои таъсис додани ҷойҳои кории нав барои зиёда аз 200 нафар имконият медиҳад.

Ҳамчунин дар мулоқот масъалаҳои сохтмони коргоҳи металлургии коркарди мис, дӯзандагӣ, заргарӣ ва иншоотҳои маишӣ-иҷтимоӣ, мактаб, боғчаи кӯдакона ва ғайра мавриди баррасӣ қарор дода шуда, вазири энергетика вусъат бахшидани корҳо дар самтҳои зикргардидаро таъкид намудааст.

Қобили зикр аст, ки шурӯъ аз соли 2007 баҳри таҷдиду азнавсозии корхона аз ҷониби ширкати «ZiJin Mining Group Co.Ltd»-и Чин 144 млн. доллари ИМА маблағ ҷудо шуда, он барои афзудани иқтидори истеҳсолии корхона шароити мусоид фароҳам овард. Ширкати «ZiJin Mining Group Co.Ltd» дорои 75%-и саҳмияҳои корхонаи муштараки «Зарафшон» мебошад.

Бино ба маълумоти Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ, соли гузашта дар Тоҷикистон беш аз 2,4 ҳазор кило тило истихроҷ шудааст, ки зиёда аз 1,5 ҳазор килои он ба КМ «Зарафшон» рост меояд.