Дар Душанбе ҷаласаи навбатии ҳаштуми комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Белорус оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ баргузор шуд.

Зимни суханронӣ дар ҷаласа раиси комиссия аз ҷониби Тоҷикистон вазири кишоварзӣ Қосим Қосимов изҳор кард, ки ҳамкориҳои тиҷоратии Тоҷикистону Белорус ба зарурати роҳандозии боррасонии мустақими ашёи хом, маҳсулот ва маводи мавриди ниёзи умум нигаронида шудаанд.

«Дар дурнамои рушди муносибатҳои тарафайн Тоҷикистон таъсиси корхонаҳои муштарак оид ба коркарди нахи пахта ва чарму пашм, воситаҳои содироти он ва ҳамчунин густариши барномаҳои муштараки самаранокро мувофиқи мақсад мешуморад», - гуфт ӯ.

Қосимов инчунин рушди ҳамкориҳои минтақавӣ миёни минтақаҳои озоди иқтисодии «Витебск» ва «Суғд», Палатаҳои савдо ва саноати кишварҳоро таъкид намуда, ифтитоҳи факултаи Донишгоҳи техникии Белорус дар заминаи Донишгоҳи техникии ба номи Осимиро натиҷаи ҳамкориҳои пурсамар арзёбӣ кард.

Аз рӯи натиҷаҳои кори ҷаласа Протоколи комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Белорус оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ба имзо расид.