Чанде қабл вохӯрии раиси Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» Гулнора Ҳасанова бо намояндагони Хазинаи Байналмилалии Асъор баргузор шуд. Дар ин вохӯрӣ  муовини раиси Раёсат Сироҷиддин Икромов ва сардори идораи Муносибатҳои Байналхалқӣ  Икром Раҳимов иштирок доштанд.

Тавре аз маркази матбуоти бонки мазкур хабар доданд, зимни ин вохӯрӣ натиҷаҳои ҷамъбасти соли 2012 дар БДА ҶТ «Амонатбонк» баррасӣ шуд ва ҳамчунин меҳмонон перомуни масъалаҳои рушди соҳа ва роҳҳои бартараф кардани мушкилоти ҷойдошта дар соли 2013 ибрози ақида намуданд. Дар давоми вохӯрӣ масъалаи  вазъи иқтисодии минтақа ва таъсири он ба иқтисодиёту молия  мавриди муҳокима қарор гирифт.

Дар доираи муҳокимаи барномаи Хазинаи Байналмилалии Асъор масъалаҳои иҷроиши нишондиҳандаҳои назоратӣ оид ба макроиқтисодиёт ва сиёсати молиявӣ  баррасӣ шуданд. Масъалҳои дигаре, ки мавриди муҳокимаи тарафҳо қарор гирифт, ин сиёсати молия ва андоз, мушкилии Бонкҳои ҷумҳурӣ ва роҳҳои ҳалли он буд. Дар анҷоми вохӯрӣ тарафҳо аз ҳамкории дуҷониба изҳори қаноатмандӣ намуданд.