Бо ташаббуси Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон санаи 17-уми апрели соли 2013 нахустин ҷаласаи Кумитаи тадорукот ҷиҳати баргузор намудани озмуни ҷумҳуриявии «Бренди беҳтарини сол» барпо гардид.

Тавре аз хадамоти матбуоти  Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилооти»-и вазорати мазкур хабар доданд, Кумитаи тадорукот аз ҳисоби намояндагони бахши давлатӣ ва бахши хусусӣ дар назди Вазорат таъсис дода шудааст.

Кори ҷаласаро Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шариф Раҳимзода оғоз намуда,  вобаста ба омодагӣ ва баргузории озмун вазифаҳои мушшахасро дар назди аъзоёни  Кумитаи тадорукот муайян намуд.

Қайд кардан зарур аст, ки озмуни мазкур бори аввал дар ҷумҳурӣ баргузор мегардад.

Яке аз нуқтаҳои муҳими масъала аз он иборат аст, ки бо ҳамроҳшавии  Тоҷикистон ба Созмони Умумиҷаҳонии савдо, афзоиши воридоту содироти молу маҳсулот зиёд мегардад ва ин  дар навбати худ эҳтимолияти шиддати рақобатнокиро ба миён меорад.

Аз ин хотир, ҳадафи баргузории озмун аз он иборат аст, ки ширкатҳо ва ҳама истеҳсолкунандагони молу хизматрасониҳо дар пешбурди бренди худ ҳавасманд гардонида шаванд.

Ҳамзамон озмуни мазкур бояд нишон диҳад, ки бренд чӣ гуна бартариятҳои рақобатнокиро ба ширкатҳо дар бозор ва пешрафти тиҷорат медиҳад.