Бо қарори ҳукумати Тоҷикистон нақшаи таҷдиди сохтори Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати алюминии тоҷик» (ТАЛКО) тасдиқ карда шуд.

Мутобиқи қарори мазкур, ки дар ихтиёри ОИ «Азия-Плюс» қарор гирифт, тақсими КВД «ТАЛКО», КДФ «Алюминсохтмон» ва корхонаҳои тобеи он ба корхонаҳои ҷудогона тавассути табдили онҳо ба ҷамъиятҳои саҳҳомӣ бо 100%-и ҳиссаи давлат соли 2014 ба анҷом мерасад.

Тайи соли 2013 ТАЛКО бояд нақшаи тадбирҳо оид ба болоравии сатҳи истеҳсолот ва маҳсулнокии кор, афзоиши истеҳсоли алюминии аввалия ва ҳаҷми коркард, ҷалби сармоя, воридот ва ҷорисозии технологияи пешрафтаи муосирро таҳия ва амалӣ намояд.

Ғайр аз ин, ширкатро лозим аст, ки давоми солҳои 2013-2014 ба ҳукумат лоиҳаи қарорҳо дар бораи аз ҳайати ширкат хориҷ кардани субъектҳоеро таҳия ва пешниҳод созад, ки ба истеҳсолот мансуб нестанд, аз ҷумлаи иншооти фонди манзил, таъминот бо гармӣ, дегхонаҳо ва ғайра.

Тибқи нақшаи таҷдиди сохтор, ҳамчунин сохтмони ду корхонаи истеҳсоли криолит ва фториди алюминий, таҳияи тарҳи фанниву иқтисодии бунёди нерӯгоҳи обӣ-барқии Шӯроб, баргузории таҳлил ва ҷорисозии таҷҳизоти нави техникӣ, бозсозӣ ва таҷдиди истеҳсолот низ дар назар аст.

Қобили зкир аст, ки «ТАЛКО» яке аз ширкатҳои муваффақ ва ягона истеҳсолкунандаи алюминии аввалия дар минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад. Соли гузашта ҳаҷми умумии истеҳсоли алюминии хом дар корхона 275,03 ҳазор тонна ва алюминии аввалия – 272,5 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2011 ба миқдори 2% камтар аст.