Дар семоҳаи аввали соли равон ҳаҷми воридоти гази моеъ ба Тоҷикистон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба миқдори 23,6 ҳазор тонна ё худ 57% афзуда, 41,8 ҳазор тоннаро ташкил дод. Дар ин бора дар гузориши «Мониторинг ва огоҳии барвақтӣ дар Тоҷикистон» хабар дода мешавад.

Дар гузориш таъкид мегардад, ки моҳи марти соли ҷорӣ ба Тоҷикистон дар ҳаҷми беш аз 32 ҳазор тонна гази моеъ ворид гардида, ин ҳам дар ҳолест, ки тӯли ду моҳи аввали сол ҳамагӣ 9,7 ҳазор тонна ин навъи сӯзишворӣ ворид гардида буд.

Гуфта мешавад, бозори сӯзишвории гази моеъи Тоҷикистон тавассути нақлиёти автомобилӣ ва роҳи оҳан пурра аз гази воридотии Қазоқистон таъмин карда мешавад. Тибқи маълумоти расмӣ тайи ду-се соли ахир бозори сӯзишвории гази моеъи Тоҷикистон густариш ёфта, ба 40% аз ҳаҷми умумии бозор расид. Ба воридоти ин навъи сӯзишворӣ 16 ширкати тоҷикистонӣ машғуланд.

Бино ба иттилои Вазорати энергетика ва сантати ҶТ, аз оғози сол арзиши ин навъи сӯзишворӣ дар ҷумҳурӣ ба таври қобили мулоҳиза поин рафта, имрӯз нархи 1 литр гази моеъ 2,50-2,90 сомонӣ аст. «Дар оғози сол он ба нархи 3,30-3,60 сомонӣ ба фурӯш мерафт», - гуфтанд дар вазорат ва инро ба поинравии нарх дар Қазоқистон (аз 660 $-и соли 2012 то ба 638 $ дар айни замон барои 1 тонна) нисбат доданд.