Ҳайати Тоҷикистон дар кори маҷлиси 46-уми ҳамасолаи Бонки осиёгии рушд (БОР), ки рӯзҳои 2-5-уми май дар шаҳри Нойдаи Ҳиндустон доир мегардад, иштирок мекунад.

Тавре аз намояндагии доимии БОР дар Душанбе хабар доданд, дар ин чорабинӣ ҳайати Тоҷикистонро муовини аввали нахуствазири ҶТ Матлубхон Давлатов сарварӣ мекунад, ки идоракунандаи БОР аз Тоҷикистон аст. Дар кори ҷаласа ҳамчунин вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ Шариф Раҳимзода низ ширкат хоҳад варзид.

Қобили зикр аст, ки дар ҷаласаи ҳамасолаи БОР вазирону шахсони расмии сатҳи болоии ҳукуматҳо, тоҷирони маъруф, намояндагони созмонҳои байнулмилаливу ҷомеаи шаҳрвандӣ ширкат варзида, соли равон бо шумули намояндагони васоити ахбори умум аз иштироки 4 ҳазор нафар интизорӣ меравад.

Гуфта мешавад, дар маҷлис масоили беҳбуди дастрасии гурӯҳҳои осебпазир ба имконоти иқтисодиву хизматгузориҳои иҷтимоӣ, аз қабили маорифу тандурустӣ, коҳиши сатҳи камбизоатӣ дар минтақаи Осиёву Уқёнуси Ором, таъмини рушд дар ҷаҳони тағйирёбанда, суръатбахшӣ ба ҳамгиройии минтақавӣ ва дигар масоили муҳими рӯзмарра баррасӣ мешаванд.