Ояндаи наздик дар заминаи корхонаи ҶСК «Анзобский ГОК»-и Тоҷикистону ИМА корхонаи нави металлургӣ мавриди баҳрбардорӣ қарор мегирад.

Тавре аз Вазорати энергетика ва саноати ҶТ дар ин робита хабар доданд, маблағи сармоягузории ширкати амрикоӣ ба бунёди корхонаи мазкур ба беш аз 4,5 млн. доллари ИМА расид.

«Ширкати «Консап Комодитиз Инк» («Comsup Commodities INK» (ИМА) молики 100%-и бастаҳои саҳмияҳои ҶСК «Анзобский ГОК» буда, ин корхонаро ҳанӯз соли 2012 ба истифода доданӣ буд, вале баъзе сабабҳои воқеъӣ боис шуданд, ки муҳлати он дарозтар шавад», - гуфтанд дар вазорат.

Ба иттилои манбаъ, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ дар ҶСК «Анзобский ГОК ҳаҷми истеҳсоли консентрати сурмаи симобдор 427 тонна афзуда, 4 ҳазору 675 тоннаро ташкил додааст, ки он пурра дар хориҷи кишвар коркард мешавад ва бо мавриди баҳрбардорӣ қарор гирифтани корхонаи нав, барои то 5 ҳазор тонна дар як сол истеҳсол кардани сурмаи металлӣ шароит фароҳам мегардад.

Корхонаи муштараки ҶСК «Анзобский ГОК» корхонаи истихроҷи маъдани кӯҳӣ ва ғанисозии маъдани симоби кони Джикрути ноҳияи Айнии вилояти Суғд мебошад. Дар маҳсулоти истихроҷшуда таркиби сурма аз 40 то 60% ва симоб – то 1%-ро ташкил медиҳад.

Иқтидори лоиҳавии корхона ба истихроҷи 700 ҳазор тонна маъдан дар як сол бо истеҳсоли беш аз 30 ҳазор тонна консентрати сурмаи симобдор баробар аст. Иқтидори воқеъии истихроҷ ва коркарди маъдан ба ҳисоби миёна 350 ҳазор тонна дар як солро ташкил медиҳад.