Бонки аврупоии таҷдиду рушд (БАТР) ба корҳои азнавсозии майдони нишасту парвози Фурудгоҳи байнулмилалии Хуҷанд дар ҳаҷми 3 млн. доллари ИМА қарз ҷудо мекунад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии БАТР хабар доданд, бори нахуст маблағгузории бонк бидуни кафолати давлатӣ сурат мегирад. «Имзои созишнома дар Истамбул доир гардида, то ахири моҳи апрел дар Душанбе маросими баимзорасии созишномаи мустақим оид ба ин лоиҳа баргузор мешавад», - гуфтанд дар намояндагии БАТР.

Қобили зикр аст, ки тибқи баҳогузории пешакӣ, ҳаҷми пурраи корҳои таъмиру азнавсозӣ 7,2 млн. доллари ИМА арзёбӣ мешаванд, вале БАТР иҷрои танҳо қисмате аз ин корҳоро маблағгузорӣ намуда, қисмати боқимондаро фурудгоҳ ба уҳда мегирад.

Ба иттилои манбаъ, корҳои таҷдид дар фурудгоҳ ба ҳарчи бештар бехатар гардонидани майдони нишасту парвози ҳавопаймоҳо, тавсеъаи ҷуғрофияи парвозҳо аз Хуҷанд ва рушди тиҷорат мусоидат хоҳад намуд.

Пас аз фурудгоҳи Душанбе Фурудгоҳи байнулмилалии Хуҷанд дуюмин фурудгоҳи бузург дар ҷумҳурӣ ба шумор рафта, аз маркази шаҳри Хуҷанд дар масофаи 11 километр, дар наздикии шаҳри Чкаловск воқеъ аст.

Фурудгоҳ дорои як майдони нишасту парвози асфалтӣ бо андозаи 3 ҳазору 185 ба 50 метр буда, ба қабули ҳавопаймоҳои тамғаҳои Ан-2 , Ан-12 , Ан-24 , Ан-26 , Ил-76 , Ту-134 , Ту-154 , Як-40 , Airbus A310 , Airbus А320 , Boeing 737 , Boeing 757 , Boeing 767 қодир аст.