Барои мусоидат ба беҳбуди рақобатпазирии иқтисоди Тоҷикистон тавассути таъмини шароити убури зудтар, пешгӯишаванда ва пурсамари марзҳо, Бонки осиёгии рушд (БОР) ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 9,2 млн. доллари ИМА бурс ҷудо мекунад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии доимии БОР дар Душанбе хабар доданд, кӯмаки мазкур қисмате аз Лоиҳаи минтақавӣ оид ба такмили фаъолияти хадамоти марзбонӣ мебошад, ки Тоҷикистону Қирғизистонро фаро гирифта, ба суръатбахшии рушди тиҷорат дар фазои Ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ (ЦАРЭС) ва ҳамкорӣ бо дигар кишварҳои ҷаҳон нигаронида шудааст.
Ба иттилои манбаъ, зимни амалисозии лоиҳа дар Тоҷикистон баҳри беҳбуди фаъолияти гузаргоҳи марзии «Гулистон», воқеъ дар роҳи мошингарди минтақавии Душанбе-Ӯш, бино ва иншооти зерсохтори санҷиш ва низоми обтаъминкуниву обу корез бунёд гардида, ҳамчунин гузаргоҳ бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин хоҳад шуд.
«Барои ба тартиб овардани пешниҳоди маълумот оид ба савдову нақлиёт ва таъмини мутобиқати маълумот ба талаботи байнулмилалӣ, дар доираи лоиҳа аз бунёди низоми миллии «равзанаи ягона» низ дастгирӣ хоҳад шуд», - зикр карданд дар намояндагии БОР.
Қобили зикр аст, ки ҳукумати Тоҷикистон дар доираи маблағгузорӣ ҳамчун шарик ба ин лоиҳа 1,9 млн. $ маблағ ихтисос медиҳад. Анҷоми амалисозии лоиҳа соли 2017 дар назар аст. Вазорати рушди иқтисоду ва савдои ҶТ агентии иҷрокунанда ва Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТИ – агентии амалисозии лоиҳа мебошанд.
Видоъ бо Иброҳим Раисӣ дар Душанбе
Мотами миллӣ дар Эрон. Иброҳим Раисӣ кӣ буд, чӣ гуфт ва чӣ кард?
Гумонбарони амали террористӣ дар “Крокус” аз қарори тамдиди муҳлати боздошт шикоят набурданд
Нархи карбамид дар Тоҷикистон ду баробар поин рафт
Дар Осиёи Марказӣ нисбат ба соли гузашта захираи об бештар шудааст
Размикори 5-уми тоҷик дар UFC: ӯ кист ва кай қарордод ба имзо мерасонад?
Шикояти 1200 муҳоҷири тоҷик оид ба нақзи ҳуқуқашон дар Русия ба сафорати Тоҷикистон
Дар баъзе кишварҳо дар робита ба ҳалокати президенти Эрон мотам эълон шуд
Чаро дар Тоҷикистон гӯшт ҳамеша қимат аст?
Аз “Лоиқхонӣ” то “Рӯзи шеъри тоҷик”. Дар Душанбе аз Муъмин Қаноат ва Лоиқ Шералӣ ёд карданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста