Бо оғози баҳор дар бозорҳои Тоҷикистон поинравии нархи орду гандум ба мушоҳида расида, мутаносибан арзиши маснӯоти макаронӣ ва дигар маҳсулоти нонӣ низ коҳиш ёфт.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ хабар доданд, ин ҳолат дар навбати аввал ба он марбут аст, ки имрӯз пешниҳоди ин навъи маҳсулот нисбат ба сатҳи талабот ба таври қобили мулоҳиза зиёдтар аст.

«Ба таври умум, баҳорон ҳар сол пеш аз ҷамъоварии ҳосили гандуми тирамоҳӣ ва кам шудани захираҳои соли гузашта, болоравии нархи орд ба мушоҳида мерасид, вале камбуди начандон назарраси гандуми воридотӣ дар соли гузашта ба он боис гардид, ки воридкунандагони ин навъи маҳсулот дар ҳаҷми хеле зиёд гандуму орд ворид намуданд ва акнун бо паст кардани нарх кӯшиши ҳарчи зудтар фурӯхтани онро доранд», - гуфтанд дар вазорати мазкур.

Бино ба маълумоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ, аз оғози сол нархи 1 дона нон дар бозорҳои пойтахт ба андозаи 20% - то 1,63 сомонӣ, орди воридотии навъи 1-ум ба андозаи 6% - то 148 сомонӣ барои 50 кило ва орди маҳаллӣ ба миқдори 5% - то 145 сомонӣ барои 50 кило поин рафтааст.

Сарфи назар аз ин поинравии нарх, нисбат ба моҳи апрели соли гузашта арзиши орди воридотӣ – 36% ва орди маҳаллӣ – 38% зиёдтар аст.

Ғановати бозори орди Тоҷикистон ба коҳиши назарраси воридоти орду гандум аз Қазоқистон низ боис гардид. Дар семоҳаи аввали соли равон ба Тоҷикистон 144 ҳазору 766 тонна гандум ворид гардид, ки нисбат ба семоҳаи аввали соли гузашта 47,5 ҳазор тонна камтар аст. Дар се моҳи аввали соли ҷорӣ ҳаҷми воридоти орд ба ҷумҳурӣ 54 ҳазору 442 тоннаро ташкил додааст, ки дар муқоиса бо нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта 79,7 ҳазор тонна камтар мебошад.

Қобили зикр аст, ки соли 2012 кишоварзони тоҷик дар ҳаҷми 1,2 млн. тонна ҳосили зироати ғалладона ба даст оварданд. Соли гузашта ҳосили гандум дар ҷумҳурӣ 801,2 ҳазор тоннаро ташкил дода буд, ки нисбат ба соли 2011 ба миқдори 74,3 ҳазор тонна камтар аст.

Соли 2009 дар Тоҷикистон ҳосили баландтарини гандум ба даст оварда шуд, ки 938,4 ҳазор тоннаро ташкил дода буд.

Талаботи солонаи Тоҷикистон ба гандум 1,5 млн. тоннаро ташкил дода, ҳудуди 70%-и он аз Қазоқистон ворид карда мешавад.