Дар ҳошияи иштирок дар кори Конгресси 8-уми ҷаҳонии Палатаҳои савдо дар пойтахти Қатар – шаҳри Давҳа раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон (ПСС ҶТ) Шариф Саид бо намояндагони мақомоти раҳбарии Палатаи ҷаҳонӣ як қатор мулоқотҳои дуҷониба анҷом дод.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти ПСС ҶТ, дар вохӯрӣ бо Дабири кулли Палатаи ҷаҳонӣ Жан-Ги Карре масоили муҳими рушди соҳибкорӣ ва тиҷорати хурду миёна дар шароити буҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ ва ҳамчунин тағйирот дар қонунгузорӣ дар ин бахшҳо баррасӣ шуданд.

«Зимни мулоқот бо раиси Федератсияи ҷаҳонии Палатаҳои савдо Рон Иркали раиси ПСС Тоҷикистон перомуни рушди иқтисодиву иҷтимоии ҷумҳурӣ, ислоҳоти ҷараёндошта дар робита ба узвият ба Созмони умумиҷаҳонии савдо, муҳити сармоягузорӣ ва нақши бахши хусусӣ дар рушди иқтисод маълумоти муфассал дода, ҷонибҳо зарурати табодули маълумот дар бораи чорабиниҳои суратгирифтаро таъкид намуданд», - омадааст дар итттилоъ.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни суҳбат бо президенти тозаинтихоби ПСС Украина Геннадий Чижиков масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷонибаи палатаҳои кишварҳо ва имкони баргузории намоишгоҳи миллии Украина дар Тоҷикистон матраҳ гардиданд.

Гуфта мешавад, дар мулоқоти Шариф Саид бо ноиби президенти ПСС Русия Георгий Петров атрофи масъалаҳои суръатбахшӣ ба ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла ташрифи ҳайатҳои тоҷирон аз минтақаҳои Русия ба Тоҷикистон, баргузории намоишгоҳу ярмаркаҳо дар самтҳои мувофиқашуда ва саҳмгирӣ дар амалисозии лоиҳаҳо дар минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон табодули назар сурат гирифт.