Рӯзҳои 20-23-юми сентябр дар пойтахти Тоҷикистон намоишгоҳи маҳсулоти содиротии вилояти мухтори Синтзян-Уйғури Чин доир мегардад.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Палатаи савдо ва саноати ҶТ, дар мулоқоти чанде қабли раиси ПСС ҶТ Шариф Саид бо ҳайати ҳукуматии чинӣ таҳти роҳбарии сардори департаменти тиҷорати вилояти мухтори Синтзян-Уйғур Ся Гуантай дар ин хусус тавофуқ ҳосил шудааст.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расидаанд, ки дар муддати 10 рӯз ПСС ҶТ номгӯи самтҳои ояндадори иқтисод, талаботи кишвар ба маҳсулоти технологияи заруриро таҳия намуда, барои дар намоишгоҳ пешниҳод кардан ба намояндагони Чин месупорад.

Раиси ПСС ҶТ таваҷҷуҳи меҳмононро ба маҳсулоти кишоварзии аз ҷиҳати экологӣ тозаи Тоҷикистон, зарурати бунёди корхонаҳои коркарди онҳо, манфиатдории Тоҷикистон дар сохтмони роҳҳои мошингард, нақбу пулҳо, роҳандозии ҳамкориҳои судманд дар бахши тандурустӣ, маориф ва омодасозии кадрҳо ҷалб кардааст.

Дар иттилои ПСС ҶТ зикр мегардад, ки тайи 10 соли ахир ҳаҷми муомилоти молӣ миёни Тоҷикистону Чин аз 32 млн. $ то ба 2 млрд. $ расидааст, вале мебояд гуфт, ки тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ ҳаҷми муомилоти хориҷии Тоҷикистон бо ҳеҷ кадоме аз кишварҳои хориҷӣ ба 2 млрд. доллари ИМА нарасидааст.

Тӯли ин солҳо шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон Русия боқӣ монда, тибқи маълумоти расмии Агентии омори назди ҳукумати ҶТ, тайи ду соли ахир ҳаҷми муомилоти молӣ миёни кишварҳо каме бештар аз 1 млрд. доллари ИМА-ро ташкил дод.

Бино ба маълумоти ҳамин Агентӣ, соли 2011 ҳаҷми муомилоти молӣ миёни Тоҷикистону Чин – ҳудуди 662 млн. доллари ИМА ва соли гузашта – тақрибан 670 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст.