Дар Тоҷикистон маъракаи кишти пунбадона идома дошта, то ахири ҳафтаи равон дар майдони беш аз 92%-и нақшаи пешбинишуда пунбадона кишт карда шуд.

Бино ба маълумоти Раёсати рустанипарварии Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ, то 29-уми апрел кишоварзони тоҷик аз майдони 200 ҳазор гектари тибқи нақша пешбинишуда, дар зиёда аз 185 ҳазор гектар кишти пунбадонаро анҷом доданд. Тақрибан дар 6,7 ҳазор гектар кишти пахтаи маҳиннах дар назар аст.

Ба иттилои манбаъ, барои саривақт ва хушсифат анҷом додани маъракаи кишти пунбадона 402 адад тухмипошакҳо сафарбар шуда, соли равон асосан навъҳои пунбадонаи «Флора», «Кармен», «Намангон», «Истиқлол», «Ҳисор» ва ғайра кишт мешаванд.

Дар вилояти Хатлон барои кишти пунбадона – 131,2 ҳазор, вилояти Суғд – 61,2 ҳазор ва навоҳии тобеи марказ – 7 ҳазору 652 гектар қитъаи замин ҷудо шудааст.

Бино ба маълумоти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ, маъракаи кишти пунбадона нимаи моҳи март оғоз гардида, то нимаи моҳи май идома меёбад. Соли равон кишоварзон ният доранд, ки дар ҳаҷми 415 ҳазор тонна ҳосили пахта ба даст оранд.

Соли гузашта пунбадона дар майдони ҳудуди 200 ҳазор гектар кишт шуда, 415 ҳазор тонна ҳосил ҷамъоварӣ карда шуд.